Дар шаҳри Хоруғ бунёди бинои театри замонавӣ бо ҳазор ҷои нишаст оғоз шуд
Хоруғ, 21.10.2016. /АМИТ Ховар/. Дар шаҳри Хоруғ бинои кӯҳнаи осорхонаи вилоятӣ аз миён бардошта шуд ва дар ҷои он бинои дуошёна барои ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров сохта мешавад. Бинои осорхона дар охири солҳои панҷоҳум барои кормандони ҳукумати маҳалӣ бунёд гардида буд ва ба талаботи имрӯзаи меъморию шаҳрсозӣ ҷавобгӯ нест. Муҳандиси сохтмон Назарсултон Саидикова гуфт, ки «барои бунёди осорхонаи нав дар маркази шаҳр замин ҷудо карда шуд ва соли оянда таҳкурсиаш гузошта мешавад. Алъон бо маблағгузории дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳали сохтмони бинои театри вилоятӣ техникаи пуриқтидорро интиқол додем, бинои кӯҳнаро аз байн бурдем ва дар рӯзҳои наздик тахту ҳамворкунии ин қитъаи заминро низ ба анҷом мерасонем. Барои анҷоми ин корҳо 3 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст».
Мутобиқи дастури Президенти кишвар ҳангоми бунёди бинои театр тамоми меъёрҳои меъмории миллию маҳалӣ ба инобат гирифта мешаванд. Назарсултон Саидикова иброз дошт, ки «ин бино ҳам аз ҷиҳати намуди зоҳирӣ ва ҳам дохилӣ зеботарин иншооти шаҳри Хоруғ шумурда хоҳад шуд. Он хонаводаҳое, ки дар атрофи маҳали сохтмон иқомат мекунанд, даҳаи аввали моҳи октябр дар бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ бо манзил таъмин мегарданд».








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






