Дар шаҳру ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд барфи аввал борид

Октябрь 19, 2016 15:24

Душанбе, 19.10.16. /АМИТ «Ховар»/. Аз шаби гузашта инҷониб дар шаҳру ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд боришоти барф идома дошта, бино ба иттилои мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон чунин вазъи ҳаво то 23 октябр боқӣ хоҳад монд.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинон ва меҳмонони кишварро огоҳ намуд, ки рӯзҳои 18-19-уми октябри соли равон дар қаламрави мамлакат ҳаво рӯ ба сардӣ меорад. Дар ин рӯзҳо бориши борон ва боди сарду сахт дар назар аст.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо ба 10-12 дараҷа мерасад. Дар манотиқи баландкӯҳ барф меборад, дар навоҳии ҷудогона бӯрони шадид дар назар аст. Дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ ва ноҳияҳои наздикӯҳӣ хатари омадани сел вуҷуд дорад.

Октябрь 19, 2016 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад