Дар Тоҷикистон ва Латвия фазои мусоид барои давом додани ҳамкории фарҳангӣ мавҷуд аст
Душанбе, 20.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Минбаъд Латвия ва Тоҷикистон метавонанд ҳамкориро дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар соҳаи фарҳанг барқарор созанд». Ин нуктаро дирӯз Эдгарс Бондарс, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Латвия зимни мулоқот бо муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб иброз намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо иброз доштанд, ки дар Тоҷикистон ва Латвия имрӯз фазои мусоид барои давом додани ҳамкории фарҳангие, ки пештар мавҷуд буданд, фароҳам омадааст ва вохӯрии имрӯза сарчашмаи барқароркунии ҳамкории мутақобила дар соҳаи фарҳанг хоҳад буд.
Ибодулло Машраб ва Эдгарс Бондарс оид ба баргузории барномаҳои гуногуни фарҳангӣ, таҳияи санадҳо, ташкили рӯзҳои фарҳангӣ ва намоиши синамоии Латвия дар Тоҷикистон гуфтугӯ намуданд.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






