Дар вилояти Суғд ҳунарҳои мардумӣ эҳё мешаванд

Октябрь 12, 2016 10:17

Душанбе, 12.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо ҳунаромӯзӣ ва истеҳсоли матоъҳои гуногун дар марказҳои таълимӣ-истеҳсолии вилояти Суғд бомаром идома дошта, дар нуҳ моҳи соли равон занҳои ҳунарманди вилоят 18 ҳазору 386 метр матои атлас ва адрас истеҳсол карданд.
Тавре аз Хадамоти матбуотии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз миқдори умумии матоъҳои истеҳсолгардида бештар аз 9,5 ҳазор метри он ба фурӯш рафтааст.
Баҳри эҳё намудани меҳнати хонагии занону духтарон дар вилояти Суғд таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуда, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот беш аз 150 маркази ҳунаромӯзӣ ташкил гардидааст, ки дар онҳо теъдоди зиёди занони хонашин ба ҳунаромӯзӣ ҷалб шудаанд.

Октябрь 12, 2016 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд