Дарсҳои омӯзишии такмили ихтисоси ҳайати афсарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода оғоз шуд
Душанбе, 26.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарсҳои омӯзишӣ оғоз шуданд.
Тавре аз Кумита ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадафи дарсҳо татбиқи амалии Созишномаи сеҷониба миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳолатҳои фавқулода, мудофиаи гражданӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиии Федератсияи Русия, Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ оид ба расонидани кумакҳои методӣ, ҳамчунин баланд бардоштани малакаҳо ва донишҳои кормандони КҲФ мебошад.
Дарсҳои омӯзишӣ то 30 октябри соли равон идома ёфта, ин давраи омӯзишӣ аз ҷониби омӯзгорони Академияи ҳифзи граждании ВҲФ Русия дар се самт: омодагии фаврӣ, масъалаҳо оид ба ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд ва омодасозии сокинон ба амалҳо дар ҳолатҳои фавқулода гузаронида мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар дарсҳои омӯзишӣ афсарони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Кумита ширкат мекунанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






