Дастгирии ашхоси ниёзманд дар шаҳри Гулистон
Душанбе, 28.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд барои дастгирии ашхоси ниёзманд аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар даҳ моҳи соли равон аз тарафи мақомоти маҳаллӣ, корхонаву ташкилотҳо ва соҳибкорони маҳаллӣ қариб ба 3 ҳазор нафар оилаҳои ниёзманд ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ кумакҳои моддӣ ва молиявӣ расонида шуданд. Ҳамзамон ба 945 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат ҷубронпулӣ ба маблағи 18 ҳазору 900 сомонӣ пардохт гардид.
Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар дода, иброз доштанд, ки «алҳол дар ҳудуди шаҳр ба 83 нафар шахсони яккаву танҳо ва маъюб дар хона ёрии иҷтимоӣ ва хизмати хонагӣ расонида шуда, қариб 50 нафар ройгон аз хизматҳои маишӣ, таъмини яквақтаи хӯроки гарм ва хизматрасонии тиббӣ бархӯрдор мебошанд. Дар нуҳ моҳи соли равон ба шаҳрвандони ниёзманд ба маблағи бист ҳазор сомонӣ кумакпулии яквақтаина дода шудааст».








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






