Дастовардҳои соҳаи табъу нашри миллӣ дар Намоишгоҳи шашуми байналмилалии «Китоби Душанбе» ба намоиш гузошта мешаванд
Душанбе, 7.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 7 октябр дар саҳни бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Намоишгоҳи шашуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад.
Намоишгоҳ ба ифтихори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, ҳадафи асосии намоишгоҳ- ин ба маърази намоиш гузоштани комёбиҳо ва дастовардҳои соҳаи табъу нашри миллӣ дар даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи мероси адабии мардуми тоҷик, шиносоӣ бо адабиёти ҷаҳон, омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонии соҳаи табъу нашри китоб, истифодаи таҷҳизоти муосири полиграфӣ ва дигар маводи чопӣ мебошад.
Дар барномаи Намоишгоҳи шашуми байналмилалии «Китоби Душанбе» бо иштироки муаллифони асарҳо ба тамошо ва фурӯш гузоштани маводи чопӣ дар мавзӯъҳои гуногун, китобҳои электронӣ, ҳамчунин намоиши дигар намудҳои маҳсулоти полиграфӣ, конфронси илмӣ-амалӣ, маҳфили шеъру суруд, муаррифии китобҳои тозанашр, барномаи консертӣ, суҳбатҳо ва мубодилаи афкор пешбинӣ шудааст.
Дар намоишгоҳ дар радифи ноширони ватанӣ намояндагони Русия, Эрон, Ҳиндустон, Чин, Туркия, Фаронса, ИМА, Олмон, Озарбойчон, Туркманистон ва дигар кишварҳо иштирок менамоянд.
Дар доираи намоишгоҳ озмуни «Беҳтарин китоб» аз рӯи се номгӯй- «Бадеият ва мазмун», «Ороиш ва сифат» ва «Асари илмӣ» муайян гардида, ғолибон ва иштирокчиён бо диплом ва мукофот қадрдонӣ карда мешаванд.
Намоишгоҳ аз 7 то 9 октябр идома меёбад.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанг и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






