Даъвати донишҷӯён ба китобхона ва китобхонӣ
Душанбе, 06.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ ва шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ — иттилоотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) ҷиҳати даъвати донишҷӯён ба Китобхона бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) ва Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамкорӣ ба роҳ мондаанд.
Ба онҳо садорати факултаҳои рўзноманигорӣ, шарқшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, биология ва математикаи ДМТ барои суҳбат намудан бо донишҷўён шароити мусоид фароҳам овардаанд.
Зимни суҳбат бо донишҷўён кормандони китобхона дар бораи шароити имрўзаи КМТ маълумот дода, роҷеъ ба тарзи дастрас намудани адабиёт, яъне истифодаи қуттиҳои феҳристи китобхона, тарзи хизматрасонӣ дар толорҳо, шуъбаҳо ва марказҳои фарҳангӣ маълумот медиҳанд.
Дар ин бора аз КМТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






