Давлатподшоҳ Саидова аз ноҳияи Рашт набера ва писарашро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ гусел намуд
Душанбе, 12.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо иштироки падару модарон ва сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия маъракаи гусели ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати Ватан баргузор гардид. Зимни он 31 нафар ҷавонони ихтиёриро бо дуои неки модарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ гусел намуданд.
Давлатподшоҳ Саидова, як модари рӯзгордидаи ноҳия иброз намуд, ки «ман ҳамчун модар аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат розӣ буда, бовар дорам, ки шароити хазмат дар қисмҳои ҳарбӣ беҳтар гардидааст. Ман имрӯз набера ва писарамро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ гусел кардам. Ҳамчунин бовар дорам, ки фарзандони мо содиқона Ватанро муҳофизат намуда, бо сари баланд ба хона бармегарданд».
Сарояндагони шуъбаи фарҳанги ноҳия барои болидагии хотири меҳмонон консерти идона ташкил намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






