Даври ниҳоии озмуни «Донишҷӯи сол — 2016» оғоз гардид

Октябрь 20, 2016 16:59

Душанбе, 20.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти  унвони «Донишҷӯи сол — 2016» оғоз гардид.
Дар  даври ниҳоии озмун  17 нафар донишҷӯён аз донишгоҳу донишкадаҳои  кишвар, аз ҷумла ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе  ва ноҳияҳои тобеи марказ  иштирок намуданд.
Тибқи низомномаи шартҳои озмуни ҷумҳуриявӣ дар рӯзи аввал иштирокчиён  дар мавзӯи «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ» иншо навиштанд.
Беҳтарин донишҷӯи сол аз ҷониби ҳайати Комиссияи босалоҳият, ки аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар таъсис ёфтааст, муайян гардида, бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки бо мақсади дарёфти ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод, донандагони забонҳои хориҷӣ ва техникаву технологияи замони муосир ва дар ин замина, ҳавасманд намудани донишҷӯёни фаъол ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол» баргузор мегардад
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд.

Октябрь 20, 2016 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад