Донишгоҳҳои СҲШ барои тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои гуногун дар замони муосир нақши калон доранд

Октябрь 20, 2016 17:25

Душанбе, 20.10.2016 /АМИТ «Ховар»/.  «Дар  ҷаҳони муосир  ҳамкорӣ  дар соҳаи маориф хеле  муҳим буда, имрӯз соҳаи маориф ва умуман ягон соҳаи фаъолиятро бе ҳамгироӣ пеш бурдан ғайриимкон аст. Чунки таҷрибаи кишварҳои пешрафтаро омӯхтан, аз таҷрибаи якдигар баҳра гирифтан ва баҳри пешрафти соҳаи маориф иқдомҳои навро роҳандозӣ кардан ба манфиати рушди соҳаи маорифи ҳамаи кишварҳои аъзои  Созмони ҳамкории Шанхай мебошад».  Ин суханҳоро ноиби ректор оид ба робитаҳои хориҷӣ дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Нормат Ҳайбатов зимни баргузории  Машварати шашуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки имрӯз дар   Китобхонаи миллии Тоҷикистон  доир гардид, иброз намуд.
«Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар ин машварат фаъолона иштирок намуд. Он яке аз донишкадаҳои пешбари соҳаи технологияи иттилоотии донишкадаи СҲШ ба ҳисоб меравад»,- афзуд Нормат Ҳабатов  ва илова намуд, ки «Имрӯз мувофиқ намудани барномаҳои таълимӣ бо мақсади ба роҳ мондани табодули донишҷӯён ва омӯзгорон дар доираи ин созмон ҷараён дорад. Умед аст, ки дар солҳои минбаъда табодули донишҷӯён байни донишгоҳҳои СҲШ хуб  ба роҳ монда мешавад ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар созмони мазкур мавқеи худро пайдо намуда, дар тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳон саҳми худро мегузорад ».
СҲШ донишҷӯёнро барои иштирок дар барномаҳои гуногуни байналмилалӣ водор сохта, барои тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои гуногун дар замони муосир нақши хеле калон дорад.
h-boboev Ба андешаи Хаёл Бобоев, ноиби ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои байналмиллалӣ таъсиси донишгоҳи узви СҲШ иқдоми хуб буда, он  аз тарафи сарони кишварҳо, аз ҷумла Асосгузори сулҳу- Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   бо мақсади табодули таҷрибаву афкор дар самти ҳамкории соҳаи илму маориф ва гуманитарӣ дастгирӣ гардид.
Хаёл Бобоев ҳамчунин иброз дошт, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо донишгоҳи таҳқиқоти илмҳои соҳаи технологияи информатсионии оптика ва механикаи шаҳри Санкт- Петербург, ки яке аз донишгоҳҳои варзидае дар  ҷаҳон мебошад, шартнома ба имзо расонида, ҳар сол ду нафарро ба магистратура равон мекунад.
Ба гуфтаи мусоҳиб, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  инчунин бо Донишгоҳи давлатии Астрахан   шартнома ба имзо расонида, муносибатҳои хуби  ҳамкориро ба роҳ мондааст.

Октябрь 20, 2016 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад