Донишгоҳҳои СҲШ барои тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои гуногун дар замони муосир нақши калон доранд
Душанбе, 20.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Дар ҷаҳони муосир ҳамкорӣ дар соҳаи маориф хеле муҳим буда, имрӯз соҳаи маориф ва умуман ягон соҳаи фаъолиятро бе ҳамгироӣ пеш бурдан ғайриимкон аст. Чунки таҷрибаи кишварҳои пешрафтаро омӯхтан, аз таҷрибаи якдигар баҳра гирифтан ва баҳри пешрафти соҳаи маориф иқдомҳои навро роҳандозӣ кардан ба манфиати рушди соҳаи маорифи ҳамаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мебошад». Ин суханҳоро ноиби ректор оид ба робитаҳои хориҷӣ дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Нормат Ҳайбатов зимни баргузории Машварати шашуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид, иброз намуд.
«Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар ин машварат фаъолона иштирок намуд. Он яке аз донишкадаҳои пешбари соҳаи технологияи иттилоотии донишкадаи СҲШ ба ҳисоб меравад»,- афзуд Нормат Ҳабатов ва илова намуд, ки «Имрӯз мувофиқ намудани барномаҳои таълимӣ бо мақсади ба роҳ мондани табодули донишҷӯён ва омӯзгорон дар доираи ин созмон ҷараён дорад. Умед аст, ки дар солҳои минбаъда табодули донишҷӯён байни донишгоҳҳои СҲШ хуб ба роҳ монда мешавад ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар созмони мазкур мавқеи худро пайдо намуда, дар тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳон саҳми худро мегузорад ».
СҲШ донишҷӯёнро барои иштирок дар барномаҳои гуногуни байналмилалӣ водор сохта, барои тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои гуногун дар замони муосир нақши хеле калон дорад.
Ба андешаи Хаёл Бобоев, ноиби ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои байналмиллалӣ таъсиси донишгоҳи узви СҲШ иқдоми хуб буда, он аз тарафи сарони кишварҳо, аз ҷумла Асосгузори сулҳу- Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади табодули таҷрибаву афкор дар самти ҳамкории соҳаи илму маориф ва гуманитарӣ дастгирӣ гардид.
Хаёл Бобоев ҳамчунин иброз дошт, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо донишгоҳи таҳқиқоти илмҳои соҳаи технологияи информатсионии оптика ва механикаи шаҳри Санкт- Петербург, ки яке аз донишгоҳҳои варзидае дар ҷаҳон мебошад, шартнома ба имзо расонида, ҳар сол ду нафарро ба магистратура равон мекунад.
Ба гуфтаи мусоҳиб, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон инчунин бо Донишгоҳи давлатии Астрахан шартнома ба имзо расонида, муносибатҳои хуби ҳамкориро ба роҳ мондааст.








Сокинони минтақаи Рашт ба зарардидагони офати табиии шаҳри Кулоб кумак расониданд
МегаФон Тоҷикистон: боз панҷ «Устоди алоқа»!
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ силсилавохӯриҳо баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Балҷувон иқдоми «300 рӯзи ободонӣ» эълон гардидааст
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нақшаи истеҳсоли пилла барзиёд иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
«МАЛАКАҲОИ КАСБӢ». Дар Душанбе даври дуюми ин фестивали ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҳифзи Ватан дар ҳар давру замон вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Суғд масъалаи содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Озарбойҷон баррасӣ шуд






