ДСХ бо 14 мактаби олии кишварҳои хориҷӣ ба ҳайси шарики комилҳуқуқ фаъолияти муштарак дорад

Октябрь 27, 2016 09:58

Душанбе, 27.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Барномаи Иттиҳоди Аврупо-«Темпус» аз рӯи лоиҳаи «Рушд ва такмили мудирияти донишгоҳ оид ба масоили байналмилалӣ» дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар баргузор гардид. Дар семинар намояндагони мактабҳои олии касбии шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳайси донишгоҳи ҳамоҳангсози лоиҳа аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Сардори шуъбаи робитаҳои хориҷӣ ва сармутахассиси шуъбаи робитаҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд Темур Каримов ва Ҷамшед Истамқулов роҷеъ ба зинаҳои амалишудаи лоиҳа ва дастовардҳои ДДХ дар ин самт бо овардани далелҳои муътамад ибрози назар намуданд.
Иштирокчиёни семинар доир ба хусусиятҳои татбиқи масъалаҳои гуногун, ташкили раванди қабул ва таҳсили бештари донишҷӯёни хориҷӣ дар макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба роҳ мондани табодули устодону донишҷӯён, таҳсилоти фосилавӣ, истифода аз таҷрибаи тӯлониву ғании донишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳон, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва нуфузи макотиби таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.
Боиси ифтихору қаноатмандист, ки Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар доираи лоиҳаи фавқуззикр бо 14 донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузтарини кишварҳои Британияи Кабир, Италия, Испания, Озарбойҷон, Украина ва Қирғизистон ба ҳайси шарики комилҳуқуқ фаъолияти муштарак дорад.

Октябрь 27, 2016 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд