Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳама гуна рушду пешравӣ танҳо дар фазои осуда ва сулҳу субот ба даст меояд»

Октябрь 3, 2016 10:45

30089751575_921522929c_zДушанбе, 3.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани пешрафти ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Муъминобод эътибори махсус дода, ба масъалаи рушди маънавиёти насли наврас, пешрафти илму маориф, ҳалли масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакону наврасон ва муҳайё намудани шароити мусоид барои саводу донишомӯзии онҳо пайваста ғамхорӣ мекунад». Ин суханҳоро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар маросими ба истифода додани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 дар ноҳияи Мӯъминобод иброз доштанд.
Ҳамчунин Пешвои миллат баён намуданд, ки боиси қаноатмандист, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар мардуми заҳматкашу сарбаланди ноҳияи Мӯъминобод дар муддати бисту панҷ соли соҳибистиқлолӣ дар қатори сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба натиҷаҳои хеле назаррас муваффақ шудаанд.
«Дарвоқеъ, ҳама гуна рушду пешравӣ танҳо дар фазои орому осуда ва сулҳу субот ба даст меояд. Хушбахтона, бо майлу ирода ва саъю кӯшиши мардуми азизамон мо ба ин неъмати бебаҳо насиб гардидаем ва имрӯз шукр мекунем, ки мардуми шарафмандамон ваҳдату ягонагиро омили муҳимтарини суботу пешрафти кишвар шуморида, барои ҳимояву бақои давлатдории миллии худ ва тақвияти иқтидори он содиқона заҳмат мекашанд»,- гуфтанд Пешвои миллат ва илова намуданд: «Аз ин рӯ, ҳар як фарди бонангу номуси мамлакат, бахусус устодону омӯзгоронро зарур аст, ки қадру қимат ва аҳамияти истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин муқаддасоти Ватанро ба шогирдони худ дуруст шарҳ диҳанд, онҳоро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ҳисси миллӣ, худшиносӣ ва ифтихор аз Ватан ва давлати худ тарбия намоянд».

Октябрь 3, 2016 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад