Хона-музейи Мубораки Вахонӣ дар озмуни ҷумҳуриявӣ беҳтарин дониста шуд
Хоруғ, 27.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Хона-музейи Мубораки Вахонӣ миёни музейҳои музофотӣ аз ҷиҳати сабки меъморӣ, ороиш ва нигораҳо дар озмуни ҷумҳуриявӣ мақоми аввалро ишғол намуд.
Хона-музейи мазкур дар деҳаи Ямғи ноҳияи Ишкошим ҷойгир буда, дар асрҳои 19 ва аввали асри 20 дар ин хонаи урфӣ олим, шоир, мусиқишинос Сӯфӣ Муборакқадами Вахонӣ иқомат намудааст ва ҳамдеҳагонаш пас аз таъмиру тармим ва ҷамъоварии осораш онро ба хона-музей табдил доданд.
Бо гузашти замон аҳамияту қимати асбобу ашё ва нигораҳои ин хона- музей бештар гардида, теъдоди зиёраткунандагон, аз ҷумла, муаррихону фолклоршиносон, дӯстдорони асбобҳои мусиқии Шарқ ва сайёҳони ватанию хориҷӣ рӯ ба афзоиш аст. Як кунҷи хонаро асбобҳои мусиқии тору танбӯр, ки бо дастони худи Мубораки Вахон сохта шудаанд ва назири худро надоранд, оро медиҳанд. Вақти боздиди сайёҳон аз ин осорхона наберагонаш бо ин асбобҳои қадимӣ мусиқии халқӣ менавозанд ва дар ҳавои ин мусиқӣ тамошои осорхона кайфияти махсус пайдо мекунад.
Ба қавли фолклоршиноси маҳалӣ Мулкамони Мамадамон, осорхона бо забони безабонӣ аз зиндагӣ ва фарҳанги волои тоҷикони водии Вахон ҳикоят мекунад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






