Худобердӣ Холиқназар, директори МТС: «Мо ҳанӯз камари ифротгароию тундгароиро нашикастаем»
Душанбе, 31.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. «То ҳанӯз мо натавонистаем дар кишвар камари ифротгароию тундгароиро шиканем»,- гуфт Худобердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, ки имрӯз дар мавзӯи «Самтҳои асосии фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар заминаи пешгирии тундгароии динӣ» дар Душанбе баргузор гардид. Бо дахли вазъи ифротгароӣ ва тундгароӣ дар Тоҷикистон ва роҳҳои пешгирии он Худобердӣ Холиқназар афзуд, ки бо вуҷуди саъю талошҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти марбутаи кишвар ва гузаронидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонон, тамоюли ифротгароӣ дар ҷумҳурӣ на он қадар коҳиш ёфтааст. Вазъи ифротгароӣ дар вилояти Суғд, хусусан дар шаҳри Исфара далели ин гуфтаҳост, зеро ҳанӯз ҳам дар ин минтақа раванди шомилшавии ҷавонон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба чашм мерасад. Танҳо дар соли равон дар шаҳри Исфара 74 нафар сокинон бо омили иртибот доштан бо ифротгароӣ боздошт шуда, нисбат ба 43 нафар парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст. Зикр шуд, ки дар вилояти Суғд фаъол будани институти «бибиотунҳо» бештар ҷавононро ба худ ҷалб намудааст. Вуҷуд доштани ин тамоюл ба рушд ёфтани муҳити исломӣ мусоидат намуда, эмиссарони хориҷӣ кӯшиш менамоянд, ки бештар занони ҷавонро ҷалб созанд, зеро занон камтар мавриди таваҷҷуҳ ва тафтиши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор мегиранд. Таъкид шуд, ки алҳол 1100 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар сафи Давлати исломии Ироқу Шом /ДИИШ/ дар Сурия ва Ироқ меҷанганд, ки аз ин омор 210 нафар сокинони вилояти Хатлон ва 394 нафар сокинони вилояти Суғд мебошанд ва қисми бештарашон тавассути қаламрави Русия ба Сурия ва Ироқ рафтаанд. Инчунин дар зарфи соли равон 50 нафар сокинони вилояти Хатлон бо ҷурми даст доштан дар ифротгароӣ равонаи зиндон шуданд, ки дар байни онҳо як нафар зан ҳам ҳаст. Таъкид гардид, ки яке аз омилҳои асосии ҷилавгирии ҷавонон аз пайвастшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифрогаро- баланд бардоштани вазъи иҷтимою иқтисодӣ, хусусан фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани ҷавонон, ҷалби духтарони деҳот ба таҳсил ва пурзӯр намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ аз ҷониби мақомот ва ниҳодҳои марбутаи кишвар мебошад.
Дар конфронс кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, вазорату идораҳо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносон роҷеъ ба паҳлуҳои ҷилавгирии ҷавонон аз ифротгароӣ ва тундгароӣ сухан карда, зикр намуданд, ки бештари ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо, гурӯҳҳои ифротию тундгаро аз ноогоҳӣ шомил гардида, аксарияти онҳо аз кирдори худ пушаймонанд. Иштирокдорони конфронс роҳҳои пешгирии ҷавононро аз шомилшавӣ ба ҳаракатҳои ифротгарою тундгаро баён дошта, тақвияти ҳамкории мақомоти марбутаи кишвар, бахусус таҳкими фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандиро дар ин самт пешниҳод намуданд. Конфронси мазкур бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябр таҷлил мегардад, гузаронида шуд.








13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






