Иҷлосияи махсуси ҷавонони СҲШ дар Остона
Душанбе, 28.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон иҷлосияи махсуси ҷавонони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай оғоз гардид, ки дар кори он намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Тоҷикистон низ иштирок доранд.
Ҷаласаи махсуси ҷавонон «Ҷаҳон. Асри 21» номгузорӣ гардидааст.
Тавре ки раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» Абдулло Раҳмонзода хабар дод, ҷаласа чанд рӯз идома ёфта, вохӯрии иштирокчиёни иҷлосия бо намояндагон ва роҳбарони мақомоти марказии иҷроия ва қонунгузории Ҷумҳурии Қазоқистон, намояндагони ташкилотҳои кор бо ҷавонони Ҷумҳурии Қазоқистон ва боздиди онҳо аз ҷойҳои таърихию фарҳангии шаҳри Остона дар назар дошта мешавад.
Ҳамчунин дар назар аст, ки намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии давлатҳои аъзо ва нозири СҲШ оид ба густариши ҳамкории минбаъда санади ҳамкорй ба имзо расонида, оид ба масъалаи баррасишаванда муроҷиатнома қабул намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






