Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи пленарии мулоқоти солонаи гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор
Душанбе, 10.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода 7 октябр дар ҷаласаи пленарии мулоқоти солонаи гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа Президенти гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Ҷим Йонг Ким ва директори Хазинаи байналмилалии асъор Кристин Лагард суханронӣ намуда, оид ба масъалаҳои иқтисодиёти ҷаҳонӣ, аз ҷумла дурнамо, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди иқтисодиёт ва самаранокии кумакҳои молиявӣ ибрози назар намуданд.
Мулоқоти солонаи гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор то 11 октябри соли 2016 давом хоҳанд кард, ки баргузории брифингҳои минтақавӣ, нишастҳои матбуотӣ ва дигар чорабиниҳоро оид ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ, рушди байналмилалӣ ва низоми ҷаҳонии молиявӣ дар бар мегиранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






