Иштироки С.Аслов дар Конфронси байналмилалии Брюссел оид ба Афғонистон
Душанбе, 06.10.2016 /АМИТ «Ховар»/ . Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 5 октябри соли 2016 дар Конфронси байналмилалии Брюссел оид ба Афғонистон, ки зери унвони «Шарикӣ баҳри шукуфоӣ ва сулҳ» бо ҳузури ҳайатҳои баландмақом аз 70 кишвари ҷаҳон ва беш аз 20 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ баргузор шуд, ширкат варзид.
Зимни ҷаласаҳои Конфронс атрофи мавзӯъҳои марбут ба татбиқи ислоҳот ва барномаҳои афзалиятнок, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва инчунин тавсеаи ҳамкории минтақавӣ равона шудаанд, табодули назар сурат гирифт. Ба ин ҳадаф ҳамчунин тасвиби бастаи нави кумакҳои молии байналмилалӣ барои Афғонистон то соли 2020 баррасӣ шуд.
Сироҷидин Аслов дар суханронии хеш ҷонибдории Тоҷикистонро аз ташаббусҳои созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои Афғонистон иброз дошт ва бори дигар аҳамияти мубрами тарҳҳои зерсохторӣ ва истифодаи самараноки долонҳои нақлиётию транзитиро дар пешбурди талошҳои муштарак барои таъмини сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон ва ҳамгироию амнияти минтақавӣ таъкид намуд.
Дар ҳошияи конфронси мазкур ҳамчунин тарҳҳои энергетикӣ ва нақлиётӣ, ки татбиқи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд ва ба инкишофи иқтисодию иҷтимоии Афғонистон дар марҳалаи муосир таъсири матлуб мегузоранд, муаррифӣ шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






