Искандар Қодиров барои риоя накардани Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба маблағи 4000 сомонӣ ҷарима карда шуд

Октябрь 1, 2016 11:37

Файзобод, 01.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Суди ноҳияи Файзобод Искандар Қодиров, соли таваллудаш 1963, оиладор, муваққатан бекор, соҳиби 6 фарзанд, истиқоматкунандаи деҳаи Гултеппаи ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзободро бо моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, нисбат ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи сад нишондиҳанда баробар ба чор ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат таъйин намуд.
Номбурда тӯйи арӯсии духтарашро бо давомнокии зиёда аз чор соат ва додани ду таом доир намудааст, ки ҳангоми гузаронидани санҷиш аз ҷониби ёрдамчии прокурори ноҳия, сармутахассис оид ба корҳои дини ноҳия ва ҷамоати деҳоти Мискинобод ҳуқуқвайронкунии мазкур ошкор гардида, нисбат ба ӯ санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Искандар Қодиров бо ин амалаш талаботи моддаҳои 10 ва 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намудааст, ки сазовори ҷазои муносиб гардид.

Октябрь 1, 2016 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст