Кӯлоб: маданияти суғуртакунонӣ боло меравад
Кӯлоб, 20.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози соли 2016 то имрӯз аз ҳисоби суғуртаи ихтиёрӣ 168 ҳазору 515 сомонӣ ва суғуртаи ҳатмӣ 343 ҳазору 993 сомонӣ ба буҷаи Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» ворид гардид, ки дар маҷмӯъ маблағи воридшуда 512 ҳазору 508 сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин давра бо 143 нафар шаҳрвандон шартнома ба имзо расида, 113 ҳазору 585 сомонӣ ҷуброни суғурта карда шуд. Иҷрои нақшаи суғуртаи ҳатмӣ 104, 4 фоиз ва суғуртаи ихтиёрӣ 115, 9 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд мебошад.
Зимни суҳбат бо Азизуллои Аъзам, сардори намояндагии КВД «Тоҷиксуғурта» дар шаҳри Кӯлоб аён гардид, ки дар шароити имрӯза маданияти суғуртакунонӣ ва ҳамкорӣ бо мардум боло рафта, шумораи шахсоне, ки ба суғуртаи ихтиёрӣ ҳамроҳ мешаванд, нисбат ба солҳои пешин афзудааст.
Сари вақт суғурта намудан ба рӯзгори мардум манфиат меорад. Бо назардошти ин ҳолат масъулин ният доранд корҳои таблиғотиро миёни омма бештар намоянд ва онҳоро ба зиндагии ободу осуда роҳнамоӣ кунанд.








Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид






