Конфронси илмӣ-адабӣ ба муносибати 85-солагии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом

Октябрь 25, 2016 10:45

Душанбе, 25.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом ба номи Мирзо Тунсунзода бахшида ба 85-солагии ин боргоҳи маърифат конфронси илмӣ-адабӣ баргузор гардид.  Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ оид ба саҳми таълимгоҳ дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва роҳи тайнамудаи ин махзани дониш дар пешрафти ҷомеа сухан гуфт

Академик Акбар Турсон аз таърихи таъсиси Коллеҷ ёдовар шуда, баён дошт, ки: «Байни дастпарварони ин боргоҳи илму маърифат ходимони намоёни давлатӣ, олимону омӯзгорони варзида ба воя расида, баҳри ободии диёру тарбияи маънавии мардум хизмат кардаанд».

Дар ҷараёни ҷамъомад чанд нафар омӯзгорони пешқадам бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», сипосномаю ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Октябрь 25, 2016 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст