Конфронси илмӣ-адабӣ ба муносибати 85-солагии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом
Душанбе, 25.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом ба номи Мирзо Тунсунзода бахшида ба 85-солагии ин боргоҳи маърифат конфронси илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ оид ба саҳми таълимгоҳ дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва роҳи тайнамудаи ин махзани дониш дар пешрафти ҷомеа сухан гуфт
Академик Акбар Турсон аз таърихи таъсиси Коллеҷ ёдовар шуда, баён дошт, ки: «Байни дастпарварони ин боргоҳи илму маърифат ходимони намоёни давлатӣ, олимону омӯзгорони варзида ба воя расида, баҳри ободии диёру тарбияи маънавии мардум хизмат кардаанд».
Дар ҷараёни ҷамъомад чанд нафар омӯзгорони пешқадам бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», сипосномаю ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад






