Кормандони мақомоти амнияти миллии кишвар дар ҳолатҳои зарурӣ ҳуқуқ доранд вориди манзилҳои шаҳрвандон гарданд

Октябрь 19, 2016 14:09

Душанбе, 19.10.2016/АМИТ «Ховар»/. Минбаъд кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи зарурат дар ҳолатҳои истисноӣ, яъне ҳангоми таҳдиди хатари воқеӣ ҳуқуқ доранд, ки бидуни қарори суд ва иҷозати сокинон ба манзилҳо, ҳавлиҳо ва иншооте, ки мутааллиқ ба шаҳрвандонанд, ворид шаванд. Дар ин росто 19 октябр вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуданд.
Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни тавзеҳи лоиҳаи қонуни мазкур дар Парлумони кишвар гуфт, лоиҳаи қонун аз ҷониби мақомоти амнияти миллии кишвар таҳия гардида, самти асосии он ба таъмини амният ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳифзи субот ва оромии кишвар нигаронида шудааст. Саймуъмин Ятимов афзуд, ки «зуҳуроти нангини ҷаҳони муосир, ифротгароӣ ва терроризм, ки солҳои охир дар кишварҳои Шарқи Наздик, Афғонистон, Покистон, Туркия ва баъзе кишварҳои аврупоӣ доман густурдааст, моро водор менамояд дар мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм тадбирҳои саривақтӣ ва мушаххас андешида, вазифа ва уҳдадориҳои кормандони мақомоти амнияти миллии кишварро дар ҳолатҳои зарурӣ баланд бардорем».
Ҳамзамон тағйирот ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррароти навро ҷиҳати истифодаи қуваваи ҷисмонӣ, силоҳ, техникаи махсуси низомӣ аз ҷониби кормандони мақомоти амнияти миллии кишвар ҳангоми зуҳур намудани таҳдиду хатарҳо ва амалҳои террористӣ пешбинӣ намудааст. Бояд тазаккур дод, ки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар ва хисороте, ки ҳангоми амалиёт ба манзил ва дигар иншооти шаҳрвандон расонида мешаванд, аз ҷониби давлат ҷуброн мегарданд.

Октябрь 19, 2016 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд