Маҷаллаи «Хорпуштак» дарсҳои санҷиши маҳорат доир мекунад
Душанбе, 6.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» тасмим гирифтааст имрӯз, 6 сентябр дар даромадгоҳи бинои Маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» чорабинии фарҳангиро таҳти унвони «Санҷиши маҳорат» баргузор намояд.
Ҳамоиш ба муносибати 90- солагии маҷаллаи мазкур ва ҷалби рассомон-ҳаҷвнигорон (карикатуристон)-и ҷавон гузаронида шуда, дар он рассомон-ҳаҷвнигорони ҳаваскор ҳунари худро пешкаши тамошобинон мегардонанд.
Маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» дар солҳои аввали фаъолият бо номҳои «Мулло Мушфиқӣ», «Калтак», «Бигиз», «Мушфиқӣ» ва «Хоҷа Насриддин» чоп шуда, номи «Хорпуштак»-ро соли 1953 гирифтааст. Он бо тиражи зиёда аз 100-120 ҳазор нусха дар ҳаҷми 12 саҳифа бо мусаввараҳои ҷолиби пурмазмун моҳе ду маротиба ба табъ мерасид.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






