Мактаби президентӣ дар Хоруғ агарчӣ 5- сола шуд, аммо дастовардҳояш дар арсаи таълим беназиранд

Октябрь 8, 2016 08:56

Хоруғ, 08.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имсол ба таъсиси муассисаи давлатии Мактаби президентӣ дар шаҳри Хоруғ расо 5 сол пур шуд. Агар панҷ соли фаъолияти ин муассисаро натиҷагирӣ кунем, бо эътимоди комил гуфта метавонем, ки дар ин муддати кӯтоҳ он ҳам аз ҷиҳати таълим ва ҳам аз ҷиҳати тарбия бартарии худро баръало нишон дод. Дар ин давра мактабро 324 нафар хонандагон хатм намуданд, ки 98 фоизи онҳо ба муассисаҳои олии дохили кишвар ва берун аз он шомил шуданд. Барои мо омӯзгорон ҷои ифтихор аст, ки дар остонаи панҷсолагии мактаб аз гӯшаву канори дунё, бо шумули Амрико, Русия, Индонезия, Ҳиндустон, Чину Эрон, Лаҳистону Туркия ва соири кишварҳо аз шогирдони худ номаҳои табрикотӣ мегирем.
Ҷои ёдоварист, ки дар ифтитоҳи бинои мактаби мо Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат карда, дар суханронӣ таъкид доштанд: «Бо итминони комил изҳор менамоям, ки Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ дар ояндаи наздик ба яке аз марказҳои намунавии таълиму тарбияи толибилмони кишвар табдил меёбад. Мо аз наврасону ҷавонони имрӯза, аз ҷумла ҷавонони Бадахшон умеди калон дорем, зеро онҳо ояндаи ватан ва созандагони фардои сарзамини аҷдодии мо мебошанд. Имрӯз мову шумо ба муносибати ифтитоҳи Мактаби президентӣ дар шаҳри Хоруғ ҷамъ омадаем ва ҳамаи шумо, сокинони олиҳиммату ватанпараст, падару модарони гиромиқадр ва омӯзгорону хонандагонро, ки ворисони абармардони бузурги мардуми тоҷик- устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Носири Хусрав, Айниву Турсунзода мебошед, бо ин рӯйдоди муҳим табрик менамоям».
Бинои Мактаби президентӣ маҳз бо ибтикор ва дастури Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар барои 1280 хонанда бунёд гардид. Алъон дар ин таълимгоҳ бештар аз 900 нафар талаба таҳсил мекунанд. Муасссисаи таълимӣ мақоми ҷумҳуриявӣ дорад ва дар он имрӯз хонандагони болаёқат аз вилоёти Суғду Хатлон ва тобеи марказ зиндагӣ ва таҳсил мекунанд. Таҳсил дар муассиса бо се забон, аз ҷумла тоҷикӣ, русию англисӣ ба роҳ монда шудааст. Ин имконият медиҳад, ки хонандагони мо дар озмуну олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва берун аз он сазовори мақоми баланд гарданд. Дар давоми ин солҳо шогирдони мактаб 7 медали тилло, 13 медали нуқра ба даст оварданд. Дар айни ҳол 15 нафар хонандаи мактаб узви вобастаи Академияи хурд ва 10 нафар узви ҳақиқии ин Академия ба шумор мераванд. Дар назди мактаб хобгоҳ барои хонандагон бунёд шудааст, ки ҳоло дар ин хобгоҳ 160 нафар зиндагӣ мекунанд. Яке аз дигар бартариҳои Мактаби президентӣ нисбат ба муассисаҳои таълимии вилоят- ин бо роҳи озмун ҷалб намудани омӯзгорони беҳтарини вилоят мебошад. Дар миёни ин омӯзгорон 15 нафар дорандаи унвони Аълочии маорифи ҷумҳурӣ, 30 нафар бо дараҷаи тахассуси олӣ ва 6 нафар дар арафаи ҳимояи рисолаи номзадӣ мебошанд.
Мактаби мо толори васеи варзишӣ дорад ва дар ин ҷо пайваста бо ширкати хонандагони макотиби шаҳр ва қисмҳои низомии мустақар дар Хоруғ мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мегарданд.
Ҳоло 160 нафар хонандагон ба варзиши касбӣ дар намудҳои мухталиф ширкат мекунанд. Ду нафар аз хонандагони мо соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ аз намуди самбо ва дзюдо мебошанд.

Айниддин Сомиддинов
муовини директори мактаб оид ба тарбия
ва корҳои беруназсинфии Мактаби президентӣ

Октябрь 8, 2016 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба 80 хонандаи ниёзманди ноҳияи Айнӣ либоси мактабӣ тақдим гардид
«БЕҲТАРИН ШАХСИ ҲУҚУҚДОН». Таҳти чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт озмун доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Дар Маркази мероси хаттӣ бахшида ба Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Барои расидан ба саодати миллӣ бояд меъёрҳои қонунҳо риоя гардад
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ сарбозони ятими кулл дар мавзеъҳои ҷолиби вилояти Суғд сайр намуданд
Аз барафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 13 сол сипарӣ гардид
Дар майдонҳои «MegaFon Football Day: бозӣ бо ситораҳо» шуморо чӣ интизор аст?
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад