Малико, ҷашни Меҳргон омад!

Октябрь 15, 2016 09:57

Душанбе, 15.10.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Аз қадимулайём мардуми тоҷик дорои форҳангу тамаддуни бою ғанӣ буду ҳаст ва пос доштану аз як насл ба насли дигар гузоштани ин фарҳанг вазифаи пурмасъулияти ҳар як фарди ватандору соҳибфарҳанг мебошад. Яке аз нишонаҳои бофарҳангии миллати соҳибтамаддуни тоҷик- ин эҳёи идҳои миллияш, ба монанди Наврӯз,  Сада ва Меҳргон аст.   Азбаски оид ба Наврӯз ба андозаи кофӣ то имрӯз маълумот ҷой дорад ва шоирону нависандагон низ дар борааш шеъру таронаҳо эҷод кардаанд, мо мехоҳем оид ба иди Меҳргон, ки имрӯз ҷашн гирифтани он эҳё гардида истодааст, каме маълумот диҳем.

Меҳргон яке аз идҳои қадимии мардуми заҳматкашу меҳнатдӯсти ориёинажод, бахусус тоҷикон ба шумор меравад, аммо як замон он то андозае аз назари мардум дур монда буд. Бо шарофати соҳибистиқлол гардидани кишвар ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Тоҷикистон ин ид ба монанди дигар идҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи  рӯзҳои ид»  ҷашн гирифта мешавад. Меҳргон  айёмест, ки дар он деҳқонон пас аз ҷамъоварии ҳосили дастранҷи худ ид мекунанду барои соли оянда дуо мекунанд, ки ҳосили аз ин ҳам фаровонтар бигиранд. Дар ин ид онҳо  шодию хурсандӣ мекунанд.

mehrgon-0Тавре Пешвои миллат зикр кардаанд: «Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат мебошад».

Ногуфта намонад, ки барои ҳифз ва мавриди таваҷҷуҳи омма қарор додани мероси фарҳангии мардуми тоҷик бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иди Наврӯз аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчун иди байналмилалӣ эътироф ва қабул гардида, ҳамасола дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.

Месазад, ки мо иди Меҳргонро низ эҳё намуда, ба ҷаҳониён исбот намоем, ки ин иди мардуми ориёинажод, бахусус мардуми тоҷику форс мебошад.

Доктори илмҳои филологӣ, профессор Шарифмурод Исрофилниё оид ба ҷиҳати таърихӣ доштану дар гузашта ҷашн гирифтани иди Меҳргон чунин ибрози андеша намуд: «Ниёгони мо вобаста ба ҳар як фасли сол ва ҳар як шебу фарози зиндагӣ монанди  Наврӯз, ки оғози сол аст ва Меҳргон, ки давраи ғунучини ҳосил мебошад, ҷашнҳо доштанду онро таҷлил менамуданд. Бубинед, ки дар Наврӯз ба кишту кор шурӯъ мекунанд, дуои пири деҳқонро мегиранд ва ҳамчунин дар Меҳргон, ки давраи ҳосилғундорӣ ва иди деҳқонон аст, барои мо ҳамчун  ҷашне аз ниёгонамон мерос мондааст».

То кунун оид ба иди Меҳргон бо сабаби он, ки якчанд даҳсола ба гӯшаи фаромӯшхотирӣ рафта буд, маълумоти кофӣ мавҷуд нест, аммо дар адабиёт шоирон онро васф кардаву дар борааш шеъру рубоӣ сурудаанд. Дар ин маврид Шарифмурод Исрофилниё чунин гуфт: «Дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ҳам дар бораи ҷашни Сада ва ҳам дар бораи ҷашни Меҳргон сухан рафтааст, ки вобаста ба табиати фарҳангофари мардуми мо аст. Масалан Унсурӣ, малик-уш-шуарои дарбори Ғазнавиён ба унвони Султонмаҳмуд шеъре дорад, ки мегӯяд:

Малико, ҷашни Меҳргон омад!
Ҷашни бузургону хусравон омад!  

Дар бисёре аз сарчашмаҳо, аз ҷумла дар «Чаҳор мақола»-и Арӯзии Самарқандӣ, дар «Бундаҳишт», дар «Ёдгори зарирон» ва дигар асарҳо оид ба иди Меҳргон  омадааст, ки ин ид  дар рӯзҳои понздаҳ ва шонздаҳуми меҳрмоҳ ҳамчун иди шукронаи офтоб ҷашн гирифта мешавад. Дар ин маврид Масъуди Саъди Салмон чунин мегӯяд:

Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,
Меҳр бифзой, эй нигори моҳчеҳри меҳрубон!

Хулоса, иди Меҳргон яке аз ҷашнҳои суннатии мардуми ориёинажод,  бахусус мо тоҷикон мебошад ва месазад, ки дар эҳё намудани ин ид ҳар як фарди бонангу номус ва бофарҳанги миллати тоҷик саҳми худро гузорад, то он  ба монанди иди Наврӯз ҷаҳонӣ гардаду мо онро  ба ном, фарҳанг ва таърихи мардумамон  сабт намоем.

Иди Меҳргон муборак ҳамватанони азиз!

          Шукӯҳи Далер

Октябрь 15, 2016 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад