Маросими супоридани нусхаи эътимодномаҳо аз ҷониби Сафири Туркия
Душанбе, 12.10.12016./АМИТ «Ховар»/. 12 октябри соли 2016 Сафири нави Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Рифат Кёксал нусхаи эътимодномаҳои худро ба вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов супорид.
Зимни суҳбат ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркия дар арсаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию башарӣ баррасӣ шуданд. Ҳамчунин зарурати ҳамкории фаъолтари дуҷониба дар соҳаҳои амният ва мубориза бар зидди чолишу хатарҳои замони муосир таъкид гардид.
С.Аслов сафири кишвари дӯстро барои таъйин шудан ба ин мансаби баланд табрик гуфт ва ба маъмурияти дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд.
Сафир итминон дод, ки ҷиҳати таҳким ва тавеаи беш аз пеши равобити судманди дуҷониба дар ҳамаи арсаҳои ҷавобгӯй ба манофеи ду кишвар ва мардумони онҳо талош хоҳад варзид.








Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад






