Масоили мубориза бо ҷинояткорӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд
Душанбе, 28.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аз қадимулаём муносибатҳои дӯстона дошта, дар самтҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ ҳамкории зичро ба роҳ мондааст. Ин нуктаро имрӯз Вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимзода зимни мулоқот бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии Ваколатдори махсус оид ба масъалаҳои амният ва мубориза бо терроризми ин кишвар Чэн Гопин иброз намуд.
Ҳамчунин дар вохӯрӣ ҷонибҳо масоили густариш додани ҳамкориро дар самтҳои таъмини амният, пешгирӣ ва мубориза бо терроризм, экстремизм, сепаратизм, мубодилаи иттилоот, табодули таҷрибаи корӣ ва дигар самтҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор доданд.
Чэн Гопин, Ваколатдори махсус оид ба масъалаҳои амният ва мубориза бо терроризми Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳор дошт, ки мо ҳамкориро дар доираи амалисозии созишномаҳои баимзорасида идома дода, итминон дорем, ки ин ҳамкорӣ боз ҳам мустаҳкам мегарданд.
Мавсуф зикр кард, ки Чин омода аст ҷиҳати ҳамкорӣ бо ҳама гуна масоили мубориза бо ҷинояткорӣ тамоми имкониятҳои мавҷударо дар кори якҷояи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, терроризм, экстремизм ва сепаратизм истифода барад.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






