Мулоқоти Сафир бо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ
Душанбе, 5.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл дар шаҳри Риёз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо донишҷӯёни тоҷик ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин ҷо таҳсили илм ва кору зиндагӣ мекунанд, мулоқот барпо намуд.
Дар мулоқот доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 25 соли истиқлоли давлатӣ, шебу фарозҳо, вазнинию сангиниҳо, талошҳои сулҳоварию ваҳдатофарӣ, бунёдкорию созандагӣ, таъмини пешрафту шукуфоӣ ва дар маҷмуъ давлатсозии миллати сарфарози тоҷик, ки таҳти раҳбарию раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён мегирад, суҳбати ҷолиб сурат гирифт.
Намоиши филми мустанади «Меъмори сулҳу Ваҳдат» ба иштирокдорони мулоқот бори дигар имкон дод, ки бо далелҳои воқеӣ бо ҷараён ва натиҷаҳои сангини ҳодисаву воқеаҳои пурдаҳшати солҳои аввали истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва дастовардҳои давлатсозии муосири тоҷик шинос шаванд, фазои сулҳу созиш ва оромию осудагии ҳаёти мардуми сарзамини худро азизу муқаддас донанд.
Таъкид гардид, ки ҳар фарди солимфикр ва ҳар шаҳрванди Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар бо эҳсоси гарми соҳибватанӣ ва соҳибдавлатӣ бояд ба қадри имкону қудрати худ дар таҳкими сулҳу суботи Тоҷикистон, аз ҷумла бо роҳи пешгирии ҷавонону наврасони ноогоҳ аз гумроҳию фирефташавӣ ва гирифтор шудан ба доми ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, саҳми намоёну арзандаи худро гузорад.
Дастурхони тоҷикӣ, ки ба ин муносибат аз ҷониби сафорат барои иштирокдорони мулоқот ороста шуд, ба фазои идонаи маҳфил шукӯҳу самимияти афзун зам намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






