Муъминобод: 40 нафар ҷавонон ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ омаданд
Муъминобод, 5.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ, имрӯз дар ноҳияи Муъминобод 40 нафар ҷавонон ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ омада, омодагии худро барои хизмат ба Ватан иброз доштанд.
Бояд гуфт, ки ин ҷавонон аз муоинаи тиббӣ гузашта ба қисмҳои ҳарбӣ равона мегарданд. Бештари ҷавонон аз ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти Боғгаӣ, Деҳбаланд ва Нуралишоҳ Назаров мебошанд. Ҷавононро падару модарон ва масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гусел менамоянд.
Тавре комиссари ҳарбии ноҳияи Муъминобод полковник Раҳматулло Иброҳимов иброз дошт, рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда низ 20 нафар ҷавони ихтиёрӣ омада ба қисмҳои ҳарбӣ равона мегарданд.
Ҳоло масъулини комиссариати ҳарбӣ дар ҷамоатҳо бо мардум оид ба ин масъала вохӯрӣ мегузаронанд.
Дар ин самт мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия, раисони ҷамоатҳо ва вакилон вазифадор гардидаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






