Мутахассисони бахши кинологӣ дар Маркази кинологии ХФГР ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд

Октябрь 25, 2016 15:36

        Душанбе, 25.10.2016/ АМИТ «Ховар»/. Таҳкими ҳамкорӣ байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия зимни мулоқоти Абдуфатоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Владимир Булавин, роҳбари Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия дар Маскав баррасӣ гардид.

Мусоҳибон доир ба масъалаҳои расонидани кумаки  моддӣ-техникӣ ва омӯзонидани мутахассисони бахши кинологӣ аз Тоҷикистон дар пойгоҳи Маркази кинологии Хадамоти федералии гумруки Русия ибрози назар  ва мувофиқа намуданд. Таъкид шуд, ки минбаъд ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории  мутақобилан судманд байни мақомоти гумруки ҳар ду кишвар аз тамоми имконот самаранок истифода хоҳанд кард.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки кишвар иттилоъ медиҳад, ки ба ифтихори 25-умин солгарди Хадамоти федералии гумруки Русия, роҳбари мақомоти гумруки Русия Владимир Булавин Абдуфатоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро  бо нишони сарисинагӣ сарфароз гардонид.

Октябрь 25, 2016 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид