Нақши Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ дар илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ
Душанбе, 19.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалӣ дар мавзӯи «Нақши Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ дар илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ» баргузор шуд. Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар мавриди хизматҳои ин олим дар рушди илми тоҷик гуфт: «Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ дар ташаккули илмҳои тиб ва кимиё нақши муассир гузоштааст».
Дар ҷамъомад Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, академик Мӯсо Диноршоев, ноиби президенти АИ ҶТ, академик Кароматулло Олимов, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Муҳаммад Абдураҳмон ва дигарон маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Симпозиуми байналмилалӣ тибқи қарори иҷлосияи 38-уми конфронси генералии ЮНЕСКО аз 2 ноябри соли 2015 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷашни 1150- солагии Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ дар меъёри рӯзҳои тақвимии ЮНЕСКО дар солҳои 2016-2017 доир карда шуд.
Дар ин бора аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






