Намоишгоҳи шашуми байналмиллалии «Китоби Душанбе»-воситаи хуб барои рушди санъати ноширии тоҷик
Душанбе, 07.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар назди бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Намошгоҳи шашуми байналмилалии «Китоби Душанбе» доир гардид.
Дар намоишгоҳи мазкур ноширони дохилу хориҷи кишвар, ба монанди Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии нашриёти «Адиб», Муассисаи давлатии нашриёти «Ирфон», Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот, намояндагони Русия, Ҳиндустон, Туркия, Чин ва Беларус иштирок намуда, китобҳои тозанашри худро ба намоиш гузоштанд.
«Мақсади асосии намоишгоҳ- баланд бардоштани сифати китобҳо дар нашриёт, дастрас гардонидани маводи нави чопӣ аз тариқи воситаҳои ахбори омма, паҳн гардонидани онҳо, болобурди сифати китобҳои нашршаванда ва пайдо намудани хонандагони ҷадид ба китобҳои тозанашр мебошад»,-гуфт Номвар Қурбонов, масъули Кумитаи тадорукоти Намошгоҳи шашуми байналмилалии «Китоби Душанбе».
Шариф Комилзода, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки «хушбахтона, дар тӯли даврони Истиқлолият аз ҷониби ноширони кишвар сатҳу сифати нашри китобҳо беҳтар гардид ва ин имкон дод, ки ноширони тоҷик дар як зумра озмунҳо ва фестивалҳои байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби шоҳҷоизаҳо гарданд ва ба ҳамин васила рушду нумуи санъати ноширии тоҷикро ба намоиш гузоранд».
Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи мазкур то 9 октябр идома ёфта, дар он боздиди ноширони хориҷӣ аз муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Парчами миллӣ ва Китобхонаи миллӣ дар назар дошта шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






