Нархи оби нӯшокӣ барои хонаҳои аз 12-ошёна боло гарон меафтад

Октябрь 18, 2016 16:41

Душанбе, 18.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 1 октябри соли равон нархи истифодаи оби нӯшокӣ барои аҳолӣ ва корхонаҳои ғайрибуҷавӣ 20 % боло бурда шуд.
Тавре ки аз Корхонаи «Обу корези Душанбе» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, нафароне, ки дар хонаҳояшон ҳисобкунак насб кардаанд, акнун барои 1 метри мукааб оби нӯшокӣ 63 дирам пардохт мекунанд. Қаблан ин нафарон барои 1 метри мукааб оби нӯшокӣ 53 дирам медоданд.
Аз ин пас корхонаҳои ғайрибуҷавӣ ба ҷойи 4 сомониву 48 дирам барои 1 метри мукааби оби нӯшокӣ 5 сомониву 38 дирамӣ пардохт мекунанд.
Инчунин барои нафароне, ки дар хонаҳояшон ҳисобкунак насб накардаанду дар ошёнаҳои аз 1 то 12 зиндагӣ мекунанд, барои истифодаи оби нӯшокӣ 6 сомониву 79 дирам барои як аъзои оила ва аз ошёнаи 12 боло 8 сомониву 51 дирам пардохт хоҳанд кард.
Ҳамчунин аз якуми январи соли 2017 болоравии нархи оби нӯшокӣ барои корхонаҳои буҷавӣ низ дар нақша гирифта шудааст.

Октябрь 18, 2016 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар