Натиҷагирии ҳолати аслии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ оид ба қарздории хоҷагиҳо
Душанбе, 03.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Сардорони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) таҳти роҳбарии муовини якуми раиси бонк Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) оид ба маблағгузории хурд дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати муҳокимаи натиҷаҳои тадқиқоти дуюми қарздории хоҷагиҳо дар Тоҷикистон мулоқот намуданд.
Ҷамолиддин Нуралиев диққати ҳозиринро ба мувофиқи мақсад гузаронидани таҳлилҳои муқоисавӣ байни тадқиқоти солҳои 2014 -2016 ва масъалаҳои муҳими ҳалталаби имрӯзаи кишвар дар низоми бонкӣ ҷалб намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки тарафҳо тавассути муколама ва баҳс метавонанд бо маълумот ва таҷрибаи якдигар ошно гашта, тавассути истифодаи пешниҳодҳои созанда дар оянда ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд.
Ҷамолиддин Нуралиев изҳор намуд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур натиҷагирии ҳолати аслӣ ва имрӯзаи фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ оид ба қарздории хоҷагиҳо, муҳокимаи масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта ва баррасии пешниҳодҳо вобаста ба самаранок намудани механизми корбарӣ буда, хулосаҳои дар ҷараёни баргузории чунин чорабиниҳо ба даст овардашуда, заминаи хуби назариявӣ барои таҳияи барномаҳо дар оянда хоҳанд шуд.
Иштирокдорони мулоқот оид ба паҳлуҳои гуногуни баргузории назарсанҷӣ дар мавзӯи «Самти устуворгардонии вазъ дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон» андешаҳои худро иброз дошта, пешниҳодҳои худро дар мавриди муайян намудани таносуби уҳдадории қарзҳо, даромадҳо ва дигар хароҷоти хоҷагиҳо, миқдори пардохти қарзҳо, таъсири хавфҳои асъорӣ, эътимоди қарзгирандагон ба фаъолияти ташкилотҳои молиявӣ баён намуданд.
Дар ин бора ба АМИТ Ховар аз шуъбаи матбуоти БМТ хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






