Низомиддин Зоҳидӣ бо Алӣ Рифат раванди мувофиқасозии бастаи нави созишномаҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд
Душанбе, 19.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Рифатро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масъалаҳои густариш ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ шуданд. Дар ин замина роҷеъ ба роҳҳои татбиқи амалии тавофуқҳои дар сатҳи олӣ ҳосилшуда, раванди мувофиқасозии бастаи нави созишномаҳои дуҷониба ва дар ояндаи наздик баргузор намудани чорабиниҳои муштарак ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарии Тоҷикистон ва Туркия табодули назар сурат гирифт.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






