Низомиддин Зоҳидӣ бо Тариқ Иқбол Сумро татбиқи амалии тавофуқҳоро баррасӣ карданд
Душанбе, 07.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. 6 октябри соли 2016 вохӯрии муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сумро баргузор шуд.
Иқдомҳои муштараки минбаъда ҷиҳати татбиқи амалии тавофуқҳое, ки дар ҷараёни музокироти сатҳи олӣ дар Исломобод ва Душанбе ҳосил шуданд, мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд. Дар ин замина онҳо бар нақши муҳими гурӯҳҳои кории байнисоҳавии ду кишвар дар тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар арсаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, саноат ва нақлиёту коммуникатсия таъкид намуданд.
Ҳамчунин атрофи масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар сурат гирифт.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






