Олам сухани Камол бигрифт…
Душанбе, 31.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Нобиғагони тоҷик дар ташаккули илму фарҳанги башарӣ саҳми арзанда гузоштаанд ва яке аз чунин нобиғаи миллат Хоҷа Камоли Хуҷандӣ мебошад. Ин бузургмарди миллат дар арсаи байналмилалӣ мақоми хеле баланд дорад ва, бешак шахсияти ҷаҳонӣ мебошад»,-иброз дошт раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар конфронси бошукўҳи «Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ», ки 28 октябри соли равон бо иштироки адибони маъруфи тоҷику форс дар Қасри маданияти Арбоб ба кори худ шурўъ кард. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Зикр гардид, ки сухани баланди Хоҷа Камол аллакай дар замони худи ў оламгир шуда буд, ки гуфтаҳояш гувоҳи онанд:
Олам сухани Камол бигрифт,
Имрўз ҷуз ин сухан сухан нест.
Кори конфронс бахшҳои «Камоли Хуҷандӣ ва масоили адабиётшиносӣ» ва «Камоли Хуҷандӣ: равобити адабӣ, забоншиносӣ ва худшиносии миллӣ»-ро дарбар гирифт.
Воқеан ҳам конфронси мазкур дар тарғиби ғояҳои ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ, дурахшонии афзунтари илму маърифат ва густариши равобити фарҳангӣ таъсири амиқ гузошта, саҳифаи тозаеро дар самти камолшиносӣ боз хоҳад намуд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






