Олам сухани Камол бигрифт…

Октябрь 31, 2016 14:59

Душанбе, 31.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Нобиғагони тоҷик дар ташаккули илму фарҳанги башарӣ саҳми арзанда гузоштаанд ва яке аз чунин нобиғаи миллат Хоҷа Камоли Хуҷандӣ мебошад. Ин бузургмарди миллат дар арсаи байналмилалӣ мақоми хеле баланд дорад ва, бешак шахсияти ҷаҳонӣ мебошад»,-иброз дошт  раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар конфронси бошукўҳи «Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ», ки 28 октябри соли равон бо иштироки адибони маъруфи тоҷику форс дар Қасри маданияти Арбоб ба кори худ шурўъ кард. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Зикр гардид, ки сухани баланди Хоҷа Камол аллакай дар замони  худи ў оламгир шуда буд, ки гуфтаҳояш гувоҳи онанд:

Олам сухани Камол бигрифт,

Имрўз ҷуз ин сухан сухан нест.

Кори конфронс  бахшҳои «Камоли Хуҷандӣ ва масоили адабиётшиносӣ» ва «Камоли Хуҷандӣ: равобити адабӣ, забоншиносӣ ва худшиносии миллӣ»-ро дарбар гирифт.

Воқеан ҳам конфронси мазкур дар тарғиби ғояҳои ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ, дурахшонии афзунтари илму маърифат ва густариши равобити фарҳангӣ  таъсири амиқ гузошта, саҳифаи тозаеро дар самти камолшиносӣ боз хоҳад намуд.

 

Октябрь 31, 2016 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад