Ошпазҳои беҳтарини Суғд маълум ва қадрдонӣ шуданд

Октябрь 6, 2016 11:54

Душанбе, 06.10.2016./АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз, 5 октябр дар Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”-и маркази вилояти Суғд бо мақсади ташвиқу тарғиби фарҳанги рӯзгордорӣ, эҳё ва рушди анъана ва суннатҳои мардумӣ ва дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали “Оши палав” баргузор шуд. Дар ин бора аз  хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Қобили зикр аст, ки дар фестивал меҳмонон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла аз шаҳри Душанбе, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсиятҳои шинохта, олимону зиёиён, хабарнигорони расонаҳо, иштирокчиёни Машварати омӯзишии адибони ҷумҳурӣ ва теъдоди зиёди сокинон иштирок намуданд.

palav

Дар ин рӯз дар Маҷмаа дастурхони идона ороста шуд ва беш аз 4000 нафар сокинон ва иштирокдорони зиёди фестивал ба таври ройгон аз оши палави омодакардаи ошпазҳои моҳири шаҳру ноҳияҳои вилоят тановул намуданд. Оши палов ё худ палав — таоми миллии тоҷикон ба ҳисоб рафта, он аз қадимулайём хӯроки дӯстдоштаи мардуми тоҷик мебошад. Имрўз дар минтақаҳои гуногуни вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд чанд намуди паловпазӣ маълум аст.

palav-3Барои иштирокчиён – ошпазҳои беҳтарин диплому мукофотпулиҳо тақдим шуданд. Ба иштирокчиёни беҳтарини Фестивали “Оши палав” аз рӯи бахшҳои “Оши палави беҳтарин” — 5000 сомонӣ (ғолиби бахш Хайём Бобомуродов аз Панҷакент), “Ошпази касбии беҳтарин” – 3 000 сомонӣ (ғолиби бахш Мирзобарот Раҳимов аз Хуҷанд), “Ошпази беҳтарин байни муйсафедон” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Зикриё Холиқов аз Исфара), “Ошпази беҳтарин байни занҳои калонсол” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Санавбар Зоҳидова аз ноҳияи Ҷаббор Расулов), “Ошпази беҳтарин байни мардон” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Аюб Бурҳонов аз ноҳияи Деваштич), “Ошпази беҳтарин байни занон” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Кифоят Азимбоева аз Зафаробод), “Ошпази беҳтарин байни домодҳо” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Дилшод Дадобоев аз Куҳистони Мастчоҳ), “Ошпази беҳтарин байни арӯсон” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Зарина Сатторова аз ноҳияи Спитамен), “Ошпази беҳтарин байни ҷавонписарон” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Қаюм Исмонов аз Конибодом), “Ошпази беҳтарин байни ҷавондухтарон” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Дилноза Султонова аз шаҳри Гулистон), “Ошхури беҳтарин” – 2 000 сомонӣ (ғолиби бахш Рустам Худойназаров аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров), “Табақи калонтарин ва зеботарини миллӣ” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш шаҳри Истаравшан), “Саҳнача, намоиши фарҳангии беҳтарин” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш шаҳри Истиқлол), “Дастони моҳир” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Мелибой Сатторов аз ноҳияи Ашт) диплому мукофотпулиҳо супорида шуданд.

Хотиррасон мекунем, ки   дар вилояти Суғд Фестивали “Оши палав” мароттибаи дуюм доир гардид. Бори аввал соли 2015 низ чунин фестивал баргузор шуда буд ва дар он беҳтарин ошпазҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.

 

Октябрь 6, 2016 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад