Пешвои миллат: «Дар Мӯъминобод 28 бинои нав ва биноҳои иловагии таълимӣ бо 6000 ҷойи нишаст ба истифода дода шудаанд»

Октябрь 3, 2016 10:48

30089751575_921522929c_zДушанбе, 3.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 дар ноҳияи Муъминобод иштирок намуданд.
Пешвои миллат дар суханронии худ тамоми сокинони ноҳияи Муъминободро бо ҷашни бузургу фархундаи миллӣ- биступанҷумин солгарди Истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо рӯзгори ободу осуда ва барору комёбӣ орзу намуданд.
«Мо имрӯз тасмим гирифтем, ки сафари кории худро ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб аз ноҳияи шумо оғоз намоем. Ва ҳоло мо дар деҳоти Чашмасор ба муносибати ифтитоҳи боз як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷамъ омадаем, ки туҳфаи арзандаи идона ба хонандагону омӯзгорон ва сокинони фарҳангдӯсти ноҳияи Мӯъминобод мебошад»,- зикр намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон .
Ҳамчунин Сарвари давлат баён доштанд, ки муассисаи таълимии нав барои 1280 нафар хонанда пешбинӣ шуда, барои сохтмони он беш аз 20 миллион сомонӣ сарф гардидааст. Дар шароити кӯҳистон қомат афрохтани чунин мактаби замонавӣ имкон медиҳад, ки омӯзгорони мо раванди таълиму тарбияи шогирдони худро боз ҳам беҳтар ба роҳ монанд.
«Дар замони истиқлолият дар ноҳияи Мӯъминобод 28 бинои нав ва биноҳои иловагии таълимӣ бо 6000 ҷойи нишаст ба истифода дода шуданд. Ин рақам баёнгари он аст, ки Ҳукумати мамлакат соҳаи маорифро ҳамеша аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоӣ қарор дода, барои татбиқи ин самти сиёсат ва таъмин намудани шароити ҳарчи беҳтар барои наслҳои наврас ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад»,-иброз доштанд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.

Октябрь 3, 2016 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст