Посухи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба сомонаи «Азия-плюс»
Душанбе, 8.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ахбороте, ки дар сомонаи «Азия-плюс» 6 октябри соли равон бо сарлавҳаи «Намояндагони КДАМ ба мурофиаи судии сарбоз Шаҳбол Мирзоев ҳозир нашуданд» иброз медорад, ки тибқи тартиботи гузаронидани мурофиаи судӣ аз ҷониби суд барои иштироки намояндагони Қӯшунҳои сарҳадӣ дар мурофиаи судӣ бояд дархост ворид мегашт.
«Мутаассифона дар бораи оғози суд оид ба парвандаи гражданӣ ба Қӯшунҳои сарҳадӣ ягон маълумотнома ворид нагардид ва аз ин сабаб дар мурофиаи судӣ аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ намоянда иштирок надошт», — иброз доштанд намояндагони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илова намуданд, ки « Дар сурати дастрас гардидани маълумотномаи суд оид ба оғози рафти парвандаи гражданӣ, намояндаи Қӯшунҳои сарҳадӣ иштирок менамояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






