Рӯзи иттилоотӣ: баррасии дурнамо ва таҷрибаи андӯхта
Душанбе, 07.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар доираи Барномаи Иттиҳоди Аврупо аз рӯи лоиҳаи UNIVIA «Рушд ва такмили мудирияти донишгоҳ оид ба масоили байналмилалӣ» Рӯзи иттилоотӣ баргузор гардид. Бояд гуфт, ки дар қатори 15 донишгоҳу донишкадаҳои Британияи Кабир, Италия, Испания, Озарбойҷон, Украина, Қирғизистон Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат низ шарики комилҳуқуқи ин лоиҳа мебошад.
Дар кори маҳфил сардори департаменти робитаҳои хориҷии яке аз донишгоҳҳои қадимтарини Аврупо-Донишгоҳи шаҳри Болонияи Италия Личия Прозперио, намояндаи ҳамоҳангсози аврупоии лоиҳа, корманди раёсати робитаҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии иқтисодии Озарбойчон Турон Сулаймонов, намояндагони аксар муассисаҳои олии касбии шаҳри Хуҷанд, намояндагони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат иштирок намуданд.
Мақсади чорабинӣ- таҳлили фаъолияти дуюнимсолаи лоиҳаи номбурда ва татбиқи он дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Сардори шуъбаи робитаҳои хориҷии ДДХ Темур Каримов оид ба корҳои дар доираи лоиҳа тӯли 2,5 сол амалишуда, сафарҳои хориҷии кормандони робитаҳои хориҷии донишгоҳ, ҳуҷҷатҳои дурнамои таҳиягардида ва таҷрибаи андӯхта маълумот дод.
Сардори департаменти робитаҳои хориҷии Донишгоҳи шаҳри Болонияи Италия Личия Прозперио ва намояндаи ҳамоҳангсози аврупоии лоиҳа, корманди раёсати робитаҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии иқтисодии Озарбойҷон Туран Сулаймонов атрофи паҳлуҳои мухталифи робитаи хориҷии донишкадаву донишгоҳҳои Болония ва Озарбойҷон барномаҳои муштараки таълимӣ ва зудҳаракатии (мобилияти) устодону донишҷӯён сухан гуфтанд.
Иштирокчиёни семинар доир ба хусусиятҳои татбиқи масъалаҳои гуногун доир ба ташкили раванди қабул ва таҳсили бештари донишҷӯёни хориҷӣ дар макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, ба роҳ мондани табодули устодону донишҷӯён ва таҳсилоти фосилавӣ ибрози назар карданд.








Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






