Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон! Имрӯз дар Боғи Ирам иди Меҳргон бошукӯҳ таҷлил гардид
Душанбе. 15.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе бахшида ба Иди Меҳргон барномаҳои фарҳангӣ ва намоишу фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир гардиданд. Дар расми ифтитоҳи ин маросим муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Зокирзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири кишоварзии ҶумҳурииТоҷикистон Изатулло Сатторӣ, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва дигар намояндагони вазорату идораҳои мамлакат иштирок намуданд.
Дар мавзеи «Деҳаи шарқӣ» ва амфитеатри «Боғи Ирам» намоиш-фурӯши маҳсулоти донагӣ ва дар даромадгоҳи боғ маҳсулоти кишоварзӣ, ба монанди ангур, себ, анор, картошка, пиёз, сабзӣ, каду, тарбуз ва харбуза ба намоиш ва фурӯш бароварда шуданд.
Инчунин дар ин ҷашнгоҳ барномаи консертӣ бо иштироки ҳунарпешагони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ва Оркестри эстрадии «Гулшан» баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки барномаи мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва Академияи илмҳои кишоварзӣ роҳандозӣ гардида, он пагоҳ, 16 октябр низ идома меёбад.













Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ






