Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории фалаҷ: Тоҷикистон давлати аз бемории фалаҷ озод мебошад

Октябрь 24, 2016 17:10

Душанбе, 24.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр бисёр давлатҳои ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории фалаҷро (полиомиелит) таҷлил менамоянд. Мақсад аз таҷлили ин рӯз ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин мушкилот ва гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда мебошад.
Маҳтоб Бобохонова, мудири шуъбаи ташкилию омори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» — и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки бемории фалаҷ бемории сироятӣ буда, ба воситаи оби даҳон, риоя накардани қоидаҳои тозагӣ ва аз одами носолим ба солим мегузарад.
Ин бемориро аслан вируси «фалаҷ» ба вуҷуд меорад. Бемории мазкур табобатнашаванда мебошад. Аз 100 бемор яке метавонад ба фалаҷи якумра гирифтор шавад. 99 нафари сироятшуда ин бемориро ҳамчун бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ё бемориҳои шадиди рӯда паси сар мекунанд. Ягона роҳи пешгирии ин беморӣ эмкунӣ (иммунизация) мебошад. Эмкунӣ сари вақт ҳангоми таваллуд шудани кӯдак дар муддати 24 соат пас аз таввалуд, баъдан дар 2, 3, 4 ва 5-моҳагию 1-солагии кӯдак гузаронида мешавад»,-гуфт Маҳтоб Бобохонова.
image-1Директори генералии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафарҷон Азизов дар Рўзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории фалаҷ бо ифтихор дастовардҳои назарраси кормандони соҳаи иммунопрофилактикаро зикр намуда, баён дошт, ки табибон баҳри маҳви ин беморӣ кӯшиши зиёд намуданд. «20 сентябри соли 2015 вируси ёбоии фалаҷи навъи 2 дар сатҳи ҷаҳонӣ маҳвгардида эълон гардид, ки ин боз як қадами устувор баҳри маҳви ҳар се серотипи ин беморӣ дар ҷаҳон мебошад. Бояд қайд кард, ки дар моҳи марти соли 2010 вируси ёбоии фалаҷи навъи 1 ба Тоҷикистон таҳдид намуда, сабаби хурӯҷи бемории фалаҷ дар ҷумҳурӣ гардид. Дар натиҷаи сар задани ин беморӣ 457 нафар кўдак фалаҷ гардиданд. Дар ин самт Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои сифатнок дар сатҳи ҷумҳурӣ соли 2010 Рўзҳои миллии иммунизатсияро 7 маротиба бар зидди бемории фалаҷ дар байни кўдакони аз 0 то 15 соларо бо муваффақият гузарониданд. Дар ин маърака зиёда аз 3 млн. аҳолӣ бар зидди ин беморӣ эм шуданд. Ин меҳнати пурсамари тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ буд, ки дар муддати кўтоҳ роҳи паҳншавӣ ва умуман гардиши барангезандаи бемории фалаҷ вируси «ёбоӣ»-и намуди I-ро қатъ ва ҳодисаҳои сироятёбӣ аз моҳи июли соли 2010 то ин ҷониб ба қайд гирифта нашудааст»,-илова намуд З. Азизов.
Бино ба иттилои манбаъ, моҳи августи соли 2011 Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба эълон намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати озод аз бемории фалаҷ дар ҷаласаи навбатии худ қарор қабул намуд.
«Аз соли 2011 то ин ҷониб 11 даври Рўзҳои миллии эмгузаронӣ бар зидди бемории фалаҷ дар байни кўдакони аз 0 то 5 сола ташкил ва гузаронида шуд, ки зиёда аз 5 миллион кўдак дар ин давра эм гузаронида шуданд. Инчунин Нақшаи стратегии чорабиниҳо оид ба нигох доштани мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати озод аз бемории фалаҷ ва вокуниши саривақтӣ ҳангоми сар задани хурӯҷи ин беморӣ барои солҳои 2016-2020 коркард ва тасдиқ карда шудааст»,- афзуд директори генералии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Яке аз роҳҳои мубориза бар зидди ин беморӣ- ин ташкили босифати назорати эпидемиологӣ аз болои бемориҳои шадиди фалаҷи суст мебошад.
Баъд аз хурӯҷи бемории фалаҷ, бо тавсияи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ нишондоди (индикатори) дарёфт намудани бемориҳои шадиди фалаҷи суст (БШФС) — 2 ҳодиса дар 100 ҳазор кўдакони то 15-сола баробар шуд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ оид ба пешгирӣ намудани паҳншавии вируси воридшудаи фалаҷи ёбоӣ аз шимоли Ҳиндустон хурўҷи бемории фалаҷ дар моҳи июли соли 2010 қатъ гардид. Соли 2011 Тоҷикистон сертификати «Давлати озод аз бемории фалаҷ»-ро такроран ба даст овард.
«Солҳои охир ҳолатҳои бемории фалаҷ ба қайд гирифта нашудаанд. Ин бевосита собит менамояд, ки чорабиниҳо барои тасдиқи мақоми ҷумҳурӣ ҳамчун давлати озод аз бемории фалаҷ дуруст ба роҳ монда шудааст. Дар баробари ин, хатари ворид шудани вируси фалаҷи ёбоӣ ба ҷумҳурӣ то ҳол вуҷуд дорад. Гардиши вируси фалаҷи ёбоӣ дар мамлакатҳои эндемикӣ, ба монанди Афғонистон, Покистон ва Нигерия давом дорад. Ин кормандони соҳаи тандурустии тамоми мамлакатҳои дунёро водор месозад, ки фаъолияти хешро баҳри махви бемории фалаҷ дар сатҳи ҷаҳонӣ боз ҳам қавитар созанд»,-илова намуд мусоҳиб.

Октябрь 24, 2016 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе доир ба беҳтар гардонидани сифати ғизо ҳамоиш доир шуд
Дар Хатлон таҳти унвони «Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон» силсилаҳамоишҳо доир мегарданд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Рашт бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои заминларза шинос шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт барномаи фарҳангӣ-сиёсии аъзои ҳизб доир гардид
«ЗАМИН — ГАНҶИНАИ ХАЙРУ САХОВАТ». Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии замин ва Соли ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Душанбе-сарзамини тахти воло» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Сарвазири Тоҷикистон бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Тоҷикобод шинос шуд
«МАДАНИЯТИ ШАҲРДОРӢ». Дар Хатлон амалиёти пешгирии фурӯши ғайрисанитарии маҳсулоти хӯрокворӣ оғоз гардид
Сокинони вилояти Суғд ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи Рашт ва Тоҷикобод кумак расониданд
Мардуми саховатпешаю савобҷӯ даъват шуданд, ки маблағҳои сафари ҳаҷро ба зарардидагони заминларзаи Рашту Тоҷикобод низ равона созанд
«ОИЛАИ БЕҲТАРИН». Бо мақсади гиромидошти арзишҳои оиладорӣ озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шумораи ақди никоҳ зиёд ва бекоршавии он коҳиш ёфтааст