Сафири Тоҷикистон бо Вазири Девони Амири Давлати Кувайт муносиботи минбаъдаро баррасӣ кард
Душанбе, 21.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов бо Вазири Девони Амири Давлати Кувайт Шайх Носир Сабоҳ ал-Аҳмад ас-Сабоҳ 19 октябр доир гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои густариш ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Кувайт баррасӣ шуданд. Дар ин замина роҷеъ ба роҳҳои татбиқи амалии тавофуқҳое, ки зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ҳосил шудаанд, ҳамчунин доир ба масъалаи дар ояндаи наздик баргузор намудани чорабиниҳои муштарак ҷиҳати тавсеаи ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарии Тоҷикистон ва Кувайт табодули назар карда шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






