«Санъат барои ҳама бо нигоҳи баробар»: ба ҷомеа қобилияти сарояндагии шахсони имконияташон маҳдуд пешниҳод гардид
Хуҷанд, 25.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд консерти хайриявӣ бо номи «Санъат барои ҳама бо нигоҳи баробар» бо иштироки санъаткорони шинохтаи эстрадаи вилоят дар якҷоягӣ бо шахсони имконияташон махдуд баргузор гардид.
Тавре ки роҳбари маркази иттилоотии мақомоти шаҳри Хуҷанд Маҳмудҷон Муҳаммадӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, барнома аз ҷониби иттифоқи миллии ташкилотҳои ҷамъиятии волидони кӯдакони дорои имконияти маҳдуд, ки дар худ 26 ташкилотро муттаҳид месозад, доир карда шуда, ҳадафи асосии ин барномаи фарҳангӣ, пеш аз ҳама, дастгирии қишри осебпазири ҷомеа ва ҳамзамон ба ҷомеа пешниҳод намудани қобилияти сарояндагии шахсони имконияташон маҳдуд буд.
Муовини раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродӣ зикр намуд, ки «баргузории чунин барномаҳо на танҳо барои муаррифии ҳунару истеъдоди шахсони дорои имконияти маҳдуд, балки дилгармии онон ба зиндагӣ ва санъатдӯстии бештари онҳо мусоидат хоҳад кард».
Дар анҷоми барнома аз ҷониби сарпарастон- Бонки «Эсхата» ва ширкати «Сомонсуғд» ба иштирокдорони он «Сипоснома», маблағи пулӣ дар ҳаҷми ҳазор сомонӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд
Барномаи ҷолиби консертиро иштироки гурӯҳҳои рақсии вилоят- ансаблҳои «Зебо» «Чаманоро» ва «Фалак» зеби бештар бахшид.
Бори дуюм аст, ки дар маркази Суғд- шаҳри Хуҷанд чунин барномаи ҷолиби фарҳангӣ бо иштироки шахсони имконияташон маҳдуд гузаронида мешавад.








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






