«Санъат барои ҳама бо нигоҳи баробар»: ба ҷомеа қобилияти сарояндагии шахсони имконияташон маҳдуд пешниҳод гардид

Октябрь 25, 2016 15:41

Хуҷанд, 25.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд консерти хайриявӣ бо номи «Санъат барои ҳама бо нигоҳи баробар» бо иштироки санъаткорони шинохтаи эстрадаи вилоят дар якҷоягӣ бо шахсони имконияташон махдуд баргузор гардид.

Тавре ки роҳбари маркази иттилоотии мақомоти шаҳри Хуҷанд Маҳмудҷон Муҳаммадӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод,  барнома аз ҷониби иттифоқи миллии  ташкилотҳои ҷамъиятии  волидони   кӯдакони дорои имконияти маҳдуд, ки дар худ 26 ташкилотро муттаҳид месозад, доир карда  шуда, ҳадафи асосии ин барномаи фарҳангӣ, пеш аз ҳама, дастгирии қишри осебпазири   ҷомеа ва ҳамзамон ба ҷомеа  пешниҳод намудани   қобилияти сарояндагии шахсони имконияташон  маҳдуд буд.

Муовини раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродӣ зикр намуд, ки «баргузории чунин барномаҳо  на танҳо барои муаррифии ҳунару истеъдоди шахсони дорои имконияти маҳдуд, балки дилгармии онон ба зиндагӣ ва санъатдӯстии  бештари онҳо мусоидат хоҳад кард».

Дар анҷоми барнома аз ҷониби сарпарастон- Бонки «Эсхата» ва ширкати   «Сомонсуғд» ба иштирокдорони он «Сипоснома», маблағи пулӣ дар ҳаҷми  ҳазор сомонӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд

Барномаи ҷолиби консертиро иштироки гурӯҳҳои рақсии вилоят- ансаблҳои «Зебо»  «Чаманоро» ва «Фалак» зеби бештар бахшид.

Бори дуюм аст, ки дар маркази Суғд- шаҳри Хуҷанд  чунин барномаи ҷолиби фарҳангӣ бо иштироки шахсони имконияташон маҳдуд гузаронида мешавад.

 

 

Октябрь 25, 2016 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд