Шаҳрвандоне, ки маъракаҳои «ҳоҷиошӣ» ва «ҳоҷиталбон»-ро баргузор менамоянд, ҷарима мешаванд

Октябрь 4, 2016 15:24

Душанбе, 04.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. То охири моҳи сентябри соли равон зиёда аз 70 ҳолати қонуншиканӣ пешгирӣ гардида, нисбат ба 25 ҳолати вайрон гардидани талаботи моддаи 12-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудаанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Афшини Муқим, сардори маркази матбуоти Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, зикр намуд, ки: «Ин протоколҳо зимни рейдҳои санҷишии гурӯҳи кории Кумита дар ҳамкорӣ бо кормандони бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷиҳати назорати риояи моддаи 12-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиб дода шудаанд».
Ба иттилои Афшини Муқим, ҳарчанд аз ҷониби мақоми ваколатдор корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати риояи банди дахлдори қонун анҷом дода мешаванд, вале то ҳол баъзе аз шаҳрвандон дидаву дониста, маъракаҳои манъгардидаи «ҳоҷиошӣ» ва «ҳоҷиталбон»-ро баргузор менамоянд.

Октябрь 4, 2016 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд